- заҳр
- I[زهر]1. модда ё доруи кушанда, самм; моддаи марговаре, ки дар неши баъзе ҷонварони заҳрдор (аз қабили мор, каждум ва ғ.) мавҷуд аст; заҳри қотил (қаттол) заҳри кушанда, заҳри марговар; заҳри ҳалоҳил заҳри тез кушанда; заҳр додан заҳр хӯронидан ба касе; заҳр задан а) газида заҳри худро рехтан (-и ҳайвони заҳрдор); б) киноя аз неши забон задан, сухани озордиҳанда гуфтан◊ заҳри марг чашондан заҳр хӯрондан барои куштан; заҳри марг кардан чизеро бо роҳи нодуруст ба даст оварда хӯрдан ё аз худ кардан; заҳри ҳаво шикаст шиддати сармо фурӯ нишаст; заҳр рехтан ба коми касе орзуи касеро тамоман барбод додан; рӯзгори касеро талх карданII[زهر]а. гул, шукуфа
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.